- кушода
- [کشاده]1. сифати феълии замони гузашта аз кушодан2. во, боз, яла, нобаста; як дари баста, сад дари кушода (зарб.)3. ниг. кушод 24. соф, беғубор, беабр: ҳавои кушода, осмони кушода; кушода шудан а) во шудан, боз шудан; б) фош шудан, ошкор гардидан: бими кушода шудани сирри касе; в) рафъ шудани осори андӯҳ ва гирифтагӣ; кушода шудани гул шукуфтани гул; кушода шудани иштиҳо пайдо шудани майл ба хӯрдан, хоҳони тановули таом шудан; кушода шудани роҳи нафас рафъ шудани гирифтагии нафас; кушода шудани ҳаво аз абру ғубор пок ва соф шудани ҳаво; кашидаву кушода бо зарб ва шиддати тамом (задан бо кафи даст, тозиёна ва ғ.); кушода додан а) ошкор кардан, фош сохтан, парда бардоштан аз рӯи сирре; б) фаҳмонда додан, шарҳ додан, маънидод кардан, тафсир додан; кушода партофтан фош сохтан, ошкор кардан; кушода шудани бахт рӯ овардани некӣ ва хушбахтӣ ба касе; кушода шудани чашм а) аз чизе бохабар шуда тағйир ёфтани ҷаҳонбинӣ ва шуури касе; б) таваллуд кардан, чашми касе равшан шудан; кушода шудани чашми рӯз ниг. чашм (чашми рӯз кушода шудан); дастархони кушода доштан меҳмоннавоз будан; рӯи кушода дидан аз касе мавриди меҳрубонии касе қарор гирифтан, илтифот ва меҳрубонӣ дидан аз касе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.